Раванди баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

Имрӯз, 11 октябри 2020 дар Тоҷикистон маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар 29 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ созмон ёфта, ҷиҳати иштироки шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷа муваққатан ва ё ба таври доимӣ қарор доранд, шароити зарурӣ барои раъйдиҳӣ муҳайё гардидааст.

Ҳамватанони мо имрӯз дар ин маъракаи сиёсӣ ҷиҳати овоздиҳӣ ба номзади хеш дар хориҷи кишвар дар шаҳрҳои Абу-Забӣ, ал-Кувайт, Алмато, Анқара, Ашхобод, Берлин, Бишкек, Боку, Брюссел, Вашингтон, Вена, Давҳа, Деҳлии Нав, Дубай, Екатеринбург, Женева, Исломобод, Истанбул, Киев, Кобул, Куала-Лумпур, Қоҳира, Лондон, Мазори Шариф, Минск, Москва, Новосибирск, Нур-Султон, Ню-Йорк, Париж, Пекин, Риёз, Санкт-Петербург, Сеул, Теҳрон, Токио, Тошканд, Уфа ва Файзобод ширкат варзида истодаанд.

Кори участкаҳои интихоботӣ дар хориҷа то соати 20:00 бо вақти кишвари маҳалли иқомат идома хоҳад ёфт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE