Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон 10 799 тонна гӯшти паранда истеҳсол кардааст

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар се моҳи аввали соли равон истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ ба 10 ҳазору 799 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,1 фоиз зиёд мебошад. Зиёдшавии истеҳсоли гӯшти паранда дар вилояти Суғд 1,5 баробар (5098,5 тонна), вилояти Хатлон 16,8 фоиз (2599,7 тонна), ВМКБ 4,8 фоиз (2,2 тонна) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1,6 баробар (3098,4 тонна) мушоҳида мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 9 млн 753 ҳазору 156 сар паранда парвариш карда шуда, 983 миилиону 100 ҳазор дона тухм ва 30,6 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба се соли пешин саршумори паранда — 1,8, истеҳсоли тухм-2,9 ва гӯшт-4,5 маротиба зиёд мебошад. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, то оғози моҳи январи соли равон дар мамлакат шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расонида шуд, ки нисбат ба се соли охир 116 адад зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар моҳҳои январ – марти соли равон ба миқдори 275,9 млн. дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 20,0 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 23,6 фоиз, Хатлон 6,1 фоиз, ВМКБ 2,7 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19,0 фоиз зиёд намудаанд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машокир Назаров иброз дошт, «парандапарварӣ дар даҳсолаи охир яке аз соҳаҳои рушнамуда, самаранок ва сермаҳсули кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки ҳадафи асосии Ҳукумат мебошад, нақши калидӣ дорад. Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардидаанд. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад».

Дастгирии давлатӣ тавассути пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои тарифию андозӣ нисбат ба воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво, татбиқи боҷи сифрӣ нисбат ба воридоти чорвои молию зотӣ, паранда, ҷалби сармоягузории бештар мусоидат намуда, дар ин замина истеҳсолоти рақобатпазиру содиротӣ афзоиш ёфта, сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои кишоварзӣ баланд гардида истодааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE