Дар чанд кӯчаю биноҳои истиқоматии пойтахт пайомадҳои сел рафъ гардиданд

21 май бар асари боронҳои шадид ва резиши жола ба якчанд ҳавливу роҳрав ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ  об ворид шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Аз ҷумла, дар кӯчаи Крупская — 2 оби борон ба таҳхонаи як сокин ворид шудааст. Дар кӯчаи Сомон оби борон ба таҳхонаи хонаҳои № 370,  371 ва 369 ворид шудаву зарар расондааст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада гурӯҳҳои имдоди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе сафарбар шуда, ҳамроҳ бо қувва ва воситаҳои сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳолати баамаломадаро пурра бартараф  намуданд.

22 май, соати 13:21 кормандони Раёсат бо даъвати сокини кӯчаи Деҳи Боло, хонаи 248 ҳавлии ӯро аз обу лойи бар асари борони шадид воридшуда тоза карда, ҳамзамон ҳавлӣ ва таҳхонаи як сокини кӯчаи Арбобхотун, №89-ро аз обу лойқа тоза намуданд.

Дар натиҷаи бориши зиёди борон сатҳи оби канали Чоряккорон баланд гардида, об аз канал берун шуда, дар рӯбарӯӣ Мактаби байналмилалии президентӣ (дар шафати кӯчаи Каленин) ба роҳи автомобилгард ҷорӣ шуд. Инчунин дар кӯчаи Н.Махсум ҷӯйборҳои бетонии шафати роҳҳои мошингард лабрез шуда, обҳои онҳо ба зери эстакадаи маҳаллаи 82 ворид гардида, ба равуои мошинҳо монеа эҷод карданд.

Ҳолатҳои баамаломада аз ҷониби Раёсати истифодабарии роҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бартараф карда шуданд.

Ҳамзамон аз лабрези об шудани ҷӯйборҳо дар кӯчаҳои ба номи М.Турсунзода, Ш.Шоҳтемур, Ҳ. Назаров, Карамов, Меҳнат, хиёбони Рӯдакӣ, Шевченко ва Қ.Раҳимов хабар расид, ки бо ёрии кормандон ва техникаи Раёсати истифодабарии роҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ пайомадҳои он бартараф карда шуданд.

Дар боронҳои шадид ва селҳои парешону жола талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE