Мина Гули дар масири Шамсиддини Шоҳин-Дарвоз марафони навбатӣ анҷом дод
Шаҳрванди Австралия Мина Гули, ки шурӯъ аз 15 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар 11 марафон ширкат меварзад, аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон омад. Ӯро гурӯҳи ҷавонон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия истиқбол гирифтанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Мина Гули варзишгар, соҳибкор, муассис ва директори кулли ташкилоти «Thirst» (“Жажда”; «Ташнагӣ»), яке аз фаъолони таъсиргузор дар самти ҳалли мушкилоти глобалии об ва ташнаи тарғиботи ин масоил дар саросари ҷаҳон мебошад. Ӯ тасмим гирифтааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 марафон ширкат намояд.
Субҳи 22 май Мина Гули ба 4-умин марафон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди меҳмонхонаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тариқи роҳи байналмилалӣ ба самти ноҳияи Дарвоз ба пиёдагардӣ ва дав шурӯъ намуд.
Марафони варзишгар аз марафонҳои маъмулӣ ба куллӣ тафовут дорад ва ӯро ба истилоҳ экомарафон низ мехонанд. То имрӯз Мина дар 50 кишвар дасткам 858 марафонро бо масофаи умумии 36 240 км тай намудааст. Бо иштирок дар марафонҳо дар саросари олам Мина тассуроти воқеии ҷаҳонро дар бораи буҳрони об ба вуҷуд меорад: бо сокинони маҳаллӣ соатҳо мусоҳиба анҷом дода, наворҳои видеоӣ ба намоиш мегузорад, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси миллиардҳо нафар одамон гардидида, дар баланд бардоштани шуурнокии ҷомеа оид ба зарурияти истифодаи сарфакоронаи об саҳми бориз мегузоранд.
Дар роҳ ба сӯи ноҳияи Дарвоз Мина Гули дар деҳаи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз гармхонаи оилаи Абдуғаффор Наҷмуддинзода дидан кард. Гармхонаи мазкур дар як мавзеи бекорхобида аз ҳисоби заминҳои санглох бунёд карда шуда, аъзои оилаи номбурда дар он ба парвариши лимӯ машғул мебошанд.
Тавре ба Мина Гули иттилоъ дода шуд, иқлими мавзеи мазкур имкон медиҳад, ки аз се чинаки дар чунин гармхонаҳо дар як сол қариб 1000 килограм лимӯ ба даст оварда мешавад. Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар оянда теъдоди гармхонаҳо аз ҳисоби заминҳои бекорхобида зиёд карда мешавад.
Мина Гули таҷрибаи мазкурро намунаи олии самаранок истифода бурдани замин, истифодаи сарфакоронаи об ва нигоҳ доштани муҳити зиндаи экологӣ номид.
Баъди боздид аз мавзеи мазкур варзишгар ба дави худ идома бахшид.
Ин марафонҳо дар Тоҷикистон 15 май шурӯъ шуда, то 10 июн идома хоҳанд ёфт. Дар ин муддат ҳайати иштирокчиёни марафон бо манбаъҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун”-у “Норак”, мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон шинос шуда, дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки 6-8 июн дар Душанбе доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ҳадаф аз ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об, аз ҷумла бо пешниҳоди Сарвари давлати мо аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон гаштани солҳои 2018-2028 ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, пайомадҳои манфии нарасидани оби нӯшокӣ ва пешниҳод намудани роҳи ҳалли ин мушкилот аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо баргузории ҳар гуна тадбирҳо, ҳамоишҳо, аксияҳо ва маъракаҳои тарғиботӣ дастгирӣ ёфта истодаанд.
Марафони 4-уми Мина Гули бо тай намудани 42,2 километр аз ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон баробари расидан ба деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расида, рӯзҳои баъдӣ тибқи нақша марафонҳои дигар идома меёбанд.