Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилиро ифтитоҳ намуданд
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои навбунёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрока мавҷуд мебошад.
Кормандони шуъба метавонанд дар вақтҳои барояшон мусоид озодона вориди китобхона гашта, адабиёти лозимаи хешро дастрас ва мутолиа намоянд.
Ҳамзамон дар китобхона 2 компютер насб карда шудааст, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
Дар бинои навбунёд толори кушоду барҳавои маҷлисӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва толори варзишӣ барои машқу тамрини кормандон сохта шудааст. Толори маҷлисӣ барои баргузории ҳамагуна вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳои сиёсӣ — тарбиявӣ бисёр мувофиқ мебошад.
Ҳуҷраҳои ошёнаи 3-юм ва 4-уми бинои нав барои кормандони Хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.
Ба ғайр аз ин дар ошёнаи 4-уми бино меҳмонхона сохта шудааст, ки дар ҳуҷраҳои он барои қабули меҳмонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Дар ин рӯз аз ҷониби Сарвари давлат ба кормандони шуъба як воситаи нақлиёти хизматӣ туҳфа карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити дар бинои нав фароҳамгардида ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобро дар самти иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматияшон вазифадор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии иншоот аз тарафи сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сифати баланд иҷро гардиданд.
Намои берунаи бино бо тарҳи муосир оро ёфта, равшании онро дар шаб чароғакҳои гуногуни ҷилодиҳанда таъмин менамоянд.