Ҳайати Кувайт дар Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба об иштирок мекунад
25 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Вазири барқ ва оби Давлати Кувайт хонум Маҳа ас-Савсӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи обу энергетика бо назардошти таҷриба ва захираҳои фаровони обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки ҷониби кувайтӣ дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни мавзӯъҳои зикршуда табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад.