Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
27 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи раисони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” солҳои 2019-2021, шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Нақшаи чорабаниҳо ҷиҳати ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани ҳолати инфрасохтор, хизматрасониҳои сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин омода кардани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳия гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул супориш доданд, ки барои амалӣ кардани Нақшаи чорабиниҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳо, чораҳои мушаххас андешанд.
Сипас, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи манъ намудани воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар охири кори маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии дастурҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, кишти такрорӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулот, назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва татбиқи дигар нақшаву чорабиниҳо, супоришҳои мушаххас доданд.