ВМКБ: баргузории машқҳои амалӣ – тактикӣ: ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои омӯзиши назариявӣ ва амалӣ бо иштироки ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғ машқҳои амалӣ-тактикӣ баргузор намуд.

Дар машқҳо тактикӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Рустам Мирзомуродзода иҷрокунандаи вазифи раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот, аъзои Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.

Дар маросим аз ҷониби ҳайати шахсии Воҳидҳои таъйиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғи ВМКБ марҳилаҳои гуногуни иҷрои машқҳои тактикӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифт. Сардори РВКД дар ВМКБ Рустам Мирзомуродзода бахшида ба 28-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҳайати шахсии Вохидҳои таъйиноти махсуси гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғро табрик намуд ва ҳамзамон барои дар сатҳи баланд доир намудани машқҳои тактикӣ минатдорӣ баён намуд.

Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ аз кормандони сохторҳои интизомӣ- аз қаторӣ то корманди баландрутбаи низомию ҳарбӣ далерию матонат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иҷрои бечунучарои вазифаҳои хизматиро талаб менамояд.

Баъди иҷрои машқҳои амалӣ-тактикии Воҳидҳои таъйиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба сатҳи машқҳои амалӣ- тактикӣ баҳои баланд дод.

Таъкид гардид, ки имрӯз вазъияти мураккаби ҷаҳон нишон медиҳад, ки сохторҳои қудратӣ бояд ҳамеша ҳушёрию зиракиро аз даст надода, дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд ва пайваста маҳорати касбии хешро баланд бардоранд.

Дар фарҷоми машқҳои амалӣ-тактикӣ барои нишон додани маҳорату малакаи баланд дар иҷрои машқҳои тактикӣ ба кормандони Воҳидҳои таъйиноти махсусси гарнизони шаҳри Хоруғ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори РВКД дар ВМКБ дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ, Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE