Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон

7 июни соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон мебошад ва барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Зимни гуфтушунид, ҳамсӯҳбатон дар мавриди аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди миёни ду кишвар, инчунин роҳҳои муассири амалисозии тавофуқҳои дар рафти сафари расмии ахири Президенти кишвар ба Эрон ҳосилшуда, табодули назар карданд.

Дар фарҷоми сӯҳбат вазири нерӯи Эрон муҳиммияти конфронсро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуда,  ҷониби тоҷикистониро барои баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ситоиш намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE