Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» ҷамъбаст шуд

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» баргузор шуд, ки дар он 30 донишҷӯ аз 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар доданд, озмун аз рӯйи номинатсияи барномасозӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ гузаронида шуда, ҷараёни озмунро комиссияи салоҳиятнок аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳакамӣ намуд.

Ҳамин тариқ, дар номинатсияи барномасозӣ донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси информатика ва техникаи ҳисоббарори Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе Тавҳид Ибодуллоев ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси информатикаи амалии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ҷойи якум, донишҷӯёни курси 1-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Бобохон Маҳмудзода ва  Ҷамшед Раҳимов ҷойи дуюм, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нодир Аминзода  ҷойи сеюмро сазовор шуданд.

Дар номинатсияи лоиҳаи инноватсионӣ донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси идораи давлатӣ ва иқтисодиёти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Шарифов ва донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Соҳибҷон Ҳамдамов ҷойи якум, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фаридун Соҳибов ҷойи дуюм, донишҷуӣ курси 1-уми ихтисоси зеҳни сунъии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Парвиз Юнусов ҷойи дуюм,  донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси физикаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Гавҳархон Юсупова ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси муҳандиси барномавии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Исмоил Сафаров ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.

Дар маросими кушодашавии озмун ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода иброз намуд, ки соли дуюм аст, ки озмуни «Беҳтарин барномасоз» бахшида ба татбиқи Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва ба ин васила, баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ, тақвияти раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳукумати электронӣ гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо ба тақвияти дониши донишҷӯён мусоидат намуда, барои мутахассиси хуби соҳа шудан замина мегузорад, зеро дар замони муосир барои амалигардонии рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ тибқи барномаю стратегияҳои давлатӣ маҳз мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан барномасозон зарур мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE