Боз як кишвари дигар хостори харидории неруи барқ аз Тоҷикистон шуд

Тоҷикистон дарёфти харидорони умедбахши неруи барқ ​​аз неругоҳи барқии обии «Роғун»-ро идома медиҳад. Кишвар барои содироти неруи барқ ​​аз НБО «Роғун» ба Қазоқистон ба созиш расид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойтахти Узбекистон ититилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 24 июн Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни баргузории Форуми дуюми байналмилалии энергетикии UEF 2022 дар Тошканд изҳор дошт. Дар форум роҳбарони сохторҳои энергетикии Узбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Охири моҳи май маълум шуд, ки захираҳои дар тобистон коркардкардаи НБО «Роғун»-ро Узбекистон харидорӣ мекунад.

«Дар бораи рушди робитаҳои энергетикӣ миёни системаҳои энергетикии Тоҷикистон ва Узбекистон аллакай ёддошти тафаҳум ба имзо расидааст, ки содироти неруи барқи  истеҳсоли  НБО «Роғун»-ро ба Узбекистонро пешбинӣ мекунад. Мо оид ба ҳамин гуна ёддошт бо ҳамкасбон аз Қазоқистон ба мувофиқа расидем ва ният дорем, ки дар ояндаи наздик онро имзо кунем», — зикр  намуд Далер Ҷумъа.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон азм дорад аз ин неругоҳ ба Узбекистон ва Қазоқистон дар як сол то 10 миллиард киловатт/соат неруи барқ ​​содирот кунад.

Вазири энергетикаи ҷумҳурӣ хотиррасон кард, ки дар аввал НБО «Норак» таъминкунандаи асосии неруи барқ дар Осиёи Миёна буд. «Имрӯз «Роғун» низ ҳамчунин. Мо бисёр хушнудем ва сипосгузорем, ки ҳамкасбони мо аз Узбекистон ва Қазоқистон аввалин шуда ба ин вокуниш нишон доданд», — тазаккур дод Далер Ҷумъа.

Ӯ илова намуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, ҳоло сохтмони НБО «Роғун»-ро фаъолона идома медиҳад. Дар ду агрегати ба кор андохташуда то ин дам беш аз 4,5 миллиард киловатт/соат неруи барқ тавлид карда шуд.

«НБО Роғун дар оянда на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард, балки ба афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд. Тоҷикистон барои афзоиши содироти энергияи сабз ба кишварҳои ҳамсоя тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод. Имрӯз ҳаҷми интиқоли содиротии мо ба Узбекистон ва Афғонистон дар як сол беш аз 3 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад», — гуфт дар хотима Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳукуматҳои Узбекистон ва Тоҷикистон дар мавриди содироти неруи барқ, ки дар тобистон аз НБО-и «Роғун» тавлид мешавад, ёддошти тафоҳум имзо карданд. Шартҳо, шеваҳои интиқоли неруи барқ, ҳаҷм ва тарифҳо дар доираи созишномаи алоҳидаи хариди неруи барқ, ки қарор аст то охири соли ҷорӣ имзо шавад, баррасӣ хоҳанд шуд.

«Сухан дар бораи созишнома барои 10 сол меравад», — шарҳ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE