Дар Қароргоҳи СММ натиҷаҳои Конфронсияи дуюм оид ба масоили об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
13 июл дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси ниҳоди «СММ-Об» дар ҳамкорӣ бо ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд нишасти махсуси Ҳадафи шашуми рушд баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Нишасти мазкур бо суханронии муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин, Раиси ниҳоди «СММ-Об», Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ва Президенти тозаинтихоби 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Короши ифтитоҳ гардид.
Дар рафти нишаст Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Душанберо муаррифӣ намуда, аз аҳаммият ва саҳми маъракаи мазкур барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) сухан кард.
Зимни нишаст кормандони намояндагиҳои доимии Сенегал, Ҷопон, Португалия, Миср, Швейтсария, Словения ва Финляндия дар назди СММ, Котиби давлатии парламентии Вазорати муҳити зист ва ҳифзи истеъмолкунандагони Федералии Олмон хонум Беттина Хоффман ва Дабири кулли Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) Петтери Таалас низ дар бораи тадбирҳои минтақавию байналмилалӣ дар пешорӯи баргузории Конфронси оби СММ суханронӣ карданд.