Дар басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе 2588 нафар фаро гирифта мешаванд

Дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ бо фарогирии 1540 нафар хонандагон басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар маҷмуъ, дар басти сеюм 2588 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд ва он то 25 июл идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз 14 июли соли равон дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022» дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур бо фарогирии 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ва дар 37 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE