Дар Швейтсария дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон арзёбӣ гардиданд

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария бо сардори бахши ҳуқуқи инсони Котиботи давлатии Вазорати корхои хориҷии  Швейтсария хонум Жани Пияжет мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Умед Бобозода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон арзёбӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Ҷонибҳо ҳамзамон масоили вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ва тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин анҷом додани мулоқоту суҳбатҳои судманд бо масъулини соҳаи ҳуқуқи инсони Конфедератсияи Швейтсария бо сафари корӣ дар ин давлат қарор дорад. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE