Таҳияи нақшаи генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст
Аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Тавре Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои матбуотӣ гуфт, «таъмини шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад».
Зикр шуд, ки лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара баъд аз таҳия ва мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Инчунин тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Леваканд ва ноҳияҳои Вахш, Балҷувон аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» пурра ба анҷом расида, алҳол дар мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои марбута қарор дорад.
Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба лоиҳаҳои муфассали банақшагирии тасҳеҳталаб ва муҳлати амалашон ба охиррасида тадбирҳои дахлдор меандешад.
Дар ин робита аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» давоми солҳои 2020 ва 2021 лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, марказҳои навоҳии Ишкошим, Балҷувон, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг, Ёвон, шаҳрҳои Норак ва Леваканд, қисми марказии шаҳри Хоруғ таҳия гардида, пас аз баррасӣ дар Шӯрои шаҳрсозии Кумита барои баррасии минбаъда ва тасдиқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур супорида шудаанд.
Нақшаи генералӣ ҳуҷҷати расмӣ, нақшаи перспективӣ ва илман асоснокардашудаи рушди минбаъдаи шаҳр (ноҳия ва дигар ҳудуди аҳолинишин) мебошад. Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурири Тоҷикистон тасдиқ шудааст, то соли 2040 қаламрави пойтахти мамлакат дар чор самт тавсеа ёфта, ҳудуди он то соли 2025 аз 12,7 ҳазор гектар то 18 ҳазор гектар ва то соли 2040 ба 30 ҳазор гектар расонида мешавад. Дар ин муддат дар Душанбе даҳҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, марказҳои тиҷортаию фароғатӣ ва гипермаркетҳо, марказҳои замонавии фурӯши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, қасри фарҳанг, театрҳо, мактабу шифохонаҳо, майдонҳои варзишӣ, тандурустӣ, боғчаҳои кӯдакон ва ғайра бо тарҳи меъмории муосир ва миллӣ қомат хоҳанд афрохт.