Маҳмадтоир Зокирзода бо Игор Лякин-Фролов мулоқот намуд

Масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Русия дар меҳвари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Маҳмадтоир Зокирзода ва Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Маҳмадтоир Зокирзода ин мулоқотро дар самти густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд ва доир ба  муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии кишварҳо ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва муттасил меандешад.

Раиси Маҷлиси намояндагон тазаккур дод, ки миёни парлумонҳои ду давлат гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шуда, фаъол мебошанд. Шурӯъ аз солҳои 2000 робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия махсус фаъол гардиданд. Ҳамзамон мулоқоти дуҷониба тақрибан ҳар сол ҳам дар ҷараёни сафарҳои расмию кории ҷонибҳо ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаҳову чорабиниҳои дигар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ,  Ассамблеяи байнипарлумонии СААД баргузор мешаванд.

Игор Лякин-Фролов иброз намуд, ки «новобаста аз он ки  ваколати дипломатиям дар  Тоҷикистон анҷом меёбад, мо ҳамеша хостори муносибати неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбанд».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE