Деваштич: Бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бинои иловагии мактаб, ки сохтмони он дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд, ба тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бунёд гардид.

Бинои мазкур аз 8 синфхонаи иловагӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, барои 200 хонанда  пешбинӣ шудааст.  Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аҳли деҳа ва шахсони саҳоватпеша, аз қабили Ҳайитбой Юсуфов, Акрам Акрамов, Бобоҷон Бобоев, Мирҳомид Комилов, Акрам Ҳалимов дар бунёди ин бино саҳми арзанда гузоштанд. Дар бунёди синфхонаи иловагӣ инчунин омӯзгорони муассисаи таълимӣ фаъолияти назаррас нишон доданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE