14 август интихоботи миёнадаврии вакилон ба Маҷлиси намояндагон ба ивази вакилони хориҷшуда доир мегардад
14 августи соли 2022 дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ№1, Рӯдакӣ№9 ва Данғара№36 интихоботи миёнадаврӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР).
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботӣ комиссияҳои ҳавзавии дахлдор таъсис дода шудаанд.
Дар асоси қонунгузории интихобот комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот дар ҳудуди ҳавзаҳои болозикр бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳои дахлдор дар маҷмӯъ 236 участкаҳои интихоботиро ташкил намуда, комиссияҳои онҳоро таъсис доданд. Барои хабардор намудани интихобкунандагон қарорҳои комиссияҳои дахлдори ҳавзавии якмандатии интихоботии се ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ дар бораи ҳудуди ҳар участкаи интихоботӣ, қароргоҳи комиссияҳои участкавӣ ва бинои овоздиҳӣ дар матбуоти маҳаллӣ нашр гардиданд.
Бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сохторҳои ҳизбҳои сиёсии дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ№1, Рӯдакӣ№9 ва Данғара№36 амалкунанда номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Ҳамчунин шаҳрвандон низ барои номзад шудан бо роҳи худпешбарӣ аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намуданд. Дар ҳар як ҳавзаи интихобот то панҷ шаҳрванд ҳамчун номзад пешбарӣ гардидаанд.
Комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии болозикр тартиби пешбарии номзадҳоро мувофиқи талаботи моддаҳои 33, 34 ва 35 –и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди санҷиш қарор дода, номзадҳои ба талаботи қонунгузории интихобот ҷавобгӯро то 14 июли соли 2022 ба қайд гирифтанд.
Айни замон дар се ҳавзаи интихоботӣ дувоздаҳ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз рӯзи бақайдгирӣ ташвиқоти пешазинтихоботии худро оғоз намуданд, ки то 12 августи соли 2022 идома меёбад.
Барои дар асоси алтернативӣ гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда корҳои ташкилӣ идома доранд.