Дар рӯзҳои таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии сиркӣ пешниҳод мегарданд
Аз 9 то 11 сентябр ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии сиркӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сирки давлатии Тоҷикистон.
Барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барои шаҳрвандони синни гуногун равона гардида, дар онҳо бештари жанрҳои сиркӣ, аз ҷумла, гимнастика, акробатика, дрессура (ромкунандаи ҳайвонот), эквилибристика (мувозинатнигаҳдорӣ), клоунада (масхарабоз), жанглёр (саққобоз), атлетика (вазнбардор), фокус (ҷодугар) ва ғайра пешниҳод мегарданд.
Чиптаҳоро аз хазинаи Сирки давлатӣ метавон дастрас намуд.
Муовини аввали Директори Сирки давлатӣ Қурбоналӣ Зоиров иттилоъ дод, ки тибқи нақша, моҳи октябр гурӯҳи ҳунармандони Сирки тоҷик дар Федератсияи Русия барномаи сиркӣ пешниҳод менамоянд.
Инчунин пешниҳоди барномаи Сирки тоҷик дар Малайзия низ дар назар аст.