Бунёди бинои нуҳошёнаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дубора шурӯъ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ояндаи наздик таҳсили худро дар бинои нави нуҳошёна идома медиҳанд. Хишти аввали ин биноро се сол пеш гузошта буданд, аммо бо сабаби хуруҷи бемории Ковид-19 он ба таъхир гузошта шуд. Ҳоло 16 нафар бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шариф ШС» бунёди ошёнаи аввали биноро ба охир расонда, ба сохтмони ошёнаи дуюм шурӯъ намуданд,-иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Муҳандиси ин сохтмон Ифтихор Ниёзмамадов гуфт, ки “барои бунёди бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миллион сомонӣ ҷудо намудааст, ки то имрӯз ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд. Бинокорон бештар аз деҳоти назди шаҳр, ки таҷрибаи кор дар сохтмонҳои кишвари Русияро доранд, ба кор ҷалб мешаванд. Барои интиқоли коргарон мошини махсус ҷудо шуда, бо хӯроки нисфирӯзӣ низ таъмин карда мешаванд”.
Дар бунёди иншоот барои таъмини техникаву механизмҳо ва масолеҳи бинокорӣ ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Масоҳати бинои нуҳошёна 76 метр дарозӣ ва 18 метр паҳноӣ дошта, дар канори он варзишгоҳи муосир ва маҷлисгоҳи калон сохта мешавад.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ягона муассисаи олии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, соли 1992 таъсис ёфтааст. Ҳоло дар ин донишгоҳ зиёда аз 4 ҳазор донишҷӯ ба таври рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд.