Дар Чин тасмим гирифтаанд ба воситаи борони сунъӣ бо хушксолӣ мубориза баранд
Чин тасмим гирифтааст бо хушксолие, ки ба киштзорҳо таҳдид мекунад, тавассути боронҳои сунъӣ мубориза барад, хабар медиҳад агентии «Associated Press».
Ба гуфтаи агентӣ, тобистони соли 2022 дар Чин дар 61 соли баъд аз оғози мушоҳидаҳои обу ҳаво гармтарин буд. Хушксолӣ киштзорҳоро пажмурда намуда, обанборҳоро нимхушк кард.
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки барои «наҷоти ҳосили ғаллаи тирамоҳӣ», ки 75 дарсади ҳосили солонаи Чинро ташкил медиҳад, тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Барои боридани борон маҳсулоти махсусеро, ки ба абрҳо пошида мешаванд, бояд истифода бурд.
Инчунин ба киштзор моддаҳое пошида мешаванд, ки намиро нигоҳ дошта, зуд бухор шудани онро манъ мекунанд.
Вазири кишоварзии мамлакат Тан Жентсзян гуфт, ки даҳ рӯзи оянда барои ҳосили биринҷ дар ҷануби Чин «давраи асосии устуворӣ нисбат ба вайроншавӣ» аст.
Ӯ гуфт, мақомот барои нигоҳ доштани ҳосили ғаллаи тирамоҳӣ, ки 75 дарсади ҳосили солонаи Чинро ташкил медиҳад, чораҳои фаврӣ хоҳанд дид.
Қаблан маълум шуд, ки Испания барои тавсеа ва бунёди неругоҳҳои тозакунандаи об беш аз 200 миллион евро сармоягузорӣ мекунад.
Усули ихтироъшуда барои бартараф кардани норасоии об дар кишвар дар пасманзари хушксолӣ кумак хоҳад кард.