Пешбинии маҳдудиятҳои шадид вобаста ба каронавирус

Босуръат паҳншавии мавҷи дуюми коронавирус дар сайёра ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан давлатҳои Аврупо ва ИМА-ро ба ташвиш овардааст. Кишвари Олмон дар робита ба пешгирӣ аз афзоиши сироятёбии сокинон ба коронавирус аз дирўз – 2 ноябр қисман маҳдудиятҳои марбут ба ин бемориро шадидтар кард. Дар дигар давлатҳои аврупоӣ бо нигаронӣ аз афзоиши омори гирифторону қурбониён бар асари ин пандемия тадбирҳои нави маҳдудкунанда ҷорӣ мешаванд. Тибқи гузоришҳои охир дар Аврупо теъдоди гирифторон аз 10 миллион нафар ҳам гузаштааст. Дар ИМА бошад коршиносон аз вазъи шадиди сироятёбии сокинон ба ин беморӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки кишвар бояд ба зимистони бисёр душворе омода шавад. Гуфта мешавад, ки дар ин давлати муқтадири дунё ҳодисаҳои олудашавӣ дар ҳоли рушд буда, беморшавии такрории сокинон ҳам ба қайд гирифта мешавад.

Дар ИМА то кунун наздики 250 ҳазор нафар ҷон дода, беш аз як ҳафта аст, ки шумораи сироятёбиҳои нави рӯзона тақрибан 87 ҳазор ҳолатро ташкил медиҳад.

Зоириён Бахтиёр

Садои Душанбе

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE