Месси Аргентинаро ба финал баровард

Дар доираи дидорҳои ҷолиби Ҷоми ҷаҳони Қатар дишаб шоҳиди рақобати ҷолиби ду дастаи пурқуввати ҷаҳон Аргентина ва Хорватия гардидем. Дубли Алварес ва шоҳкориҳои Месси роҳи мунтахаби Аргентинаро ба марҳилаи финалии мусобиқот ҳамвор сохт. Шарҳи бештар дар пешниҳоди Шодонҷон Султонов

Бозии мунтахабҳои Аргентина ва Хорватия дар доираи рақобатҳои аввалини даври ниманиҳоӣ дар варзишгоҳи Лусаил Иконик баргузор гардида ба нафъи аргентиниҳо бо ҳисоби 3:0 хотима ёфту онҳо аввалин финалисти ин мусобиқот гардиданд. Бо як қоидавайронкуние, ки дар дақиқаи 34-уми дидор ба миён омад довар ба дарвозаи Хорватия пеналти таъин кард. Месси бе ягон иштибоҳ ва боварии том онро ба гол табдил дода Аргентинара ба пеш баровард. Дар дақиқаи 39-ум мо шоҳиди голи зебои Ҷоми ҷаҳони Қатар гардидем. Хулиан Алварес бо як маҳорати оли тубро аз нимаи майдон худаш гирифта бо истифода аз суръати хеле тез моҳирона оварда вориди дарвозаи Ливакович намуда ҳисобро 2:0 кард. Бо ҳамин дастаҳо ба танаффус баромаданд. Ҳарчанд мухлисони футбол боварӣ доштанд, ки қисми дуюмро Хорватия ҷолибтар месозад, аммо ба ҷуз аз голи сеюми мунтахаби Аргентина ки Алварес ба самар расонида дублро ба номаш муҳр зад чизи дигарро мушоҳида карда натавонистем. Бо ҳамин дидор ба нафъи мунтахаби Аргентина бо ҳисоби 3:0 хотима ёфта онҳоро аввалин финалисти Ҷоми ҷаҳони Қатар гардиданд. Рақиби Аргентиниҳо имшаб дар дидори Фаронса ва Марокко, ки соати 00:00 баргузор мегардад, муайян хоҳад шуд. 

Шодонҷон Султонов

Садои Душанбе 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE