Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид

«Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон 25 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафар Иброҳимзода доир ба дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат сухан намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш дар мавзуи «Дастовардҳои касбии ҷавонони Осорхонаи миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ» бо рӯнамоии дастовардҳо маъруза пешниҳод шуд.

Бо назардошти музокира ва пешниҳодҳои ҷолиб изҳороти иштирокдорони ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ қабул гардид.

Дар анҷом як зумра ҷавонони фаъоли соҳаи осорхонашиносӣ бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE