Беэътиноӣ зоҳир намудан омили аслии гирифтории шаҳрвандон ба КОВИД-19 мебошад

Риояи коидахои санитарӣ – гигенӣ боис мегардад, ки шахс пайваста солим бошад ва аз сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳо дар амон монад. Вобаста ба ин дар замони пахншави бемории сирояти КОВИД-19 мутахассисон рохи асоси пешгирӣ аз ин бемориро дар риояи қоидаҳои гигенаи шахсӣ ва ҷамиятӣ арзёбӣ мекунанд. Умедаи Сангалӣ мухбири шабакаи “Садои Душанбе” мавзӯи мазкурро пайгирӣ намудааст.

Тадбирхои асосие, ки инсонро аз сироятеби ба беморихо, махсусан сироятёбӣ ба КОВИД-19 хифз менамоянд ин доштани маълумоти зарурӣ оид ба ин беморӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва махлулхои антисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоїӣ ва худдорӣ кардан аз рафтан ба чойхои серодам, бе зарурият даст нарасонидан ба чашмону бинӣ, дахон ва пушидани никоб арзёбӣ мегардад. Табиб Сабзаалӣ Муродзода риояи ин қоидаҳоро дар шароити паҳншавии мавҷи дуюми бемории коронавирус дар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои сокинони мамлакат муҳим арзёбӣ мекунад. Ба зикри номбурда омили аслии гирифтории шаҳрвандон ба бемории мазкур ин беаҳмият мебошад, ки имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем.

Мавриди зикр аст, ки таҳкими иқтидори имунитети бадан низ боис мегардад, ки ҳамагуна бемории сироятӣ барои инсон бехатар бошад. Аз ин ру ғизои солим низ аз бахшҳои марбут ба тақвияти нерўи иммунии бадан мебошад. Мегӯяд табиб Сабзаалӣ Муродзода дар идомаи сӯҳбат.

Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари афзоиши гирифторӣ ба бемории сироятии Ковид-19 ба ташвиш овардааст, моро мебояд ҷиҳати пешгирии ин беморӣ тадбирҳои муҳим андешида, худ ва наздиконамонро солим нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама бояд гигенаи шахсиро риоя намуда, бе зарурат аз хона набароем ва аз рафтан ба ҷойҳо серодам худдорӣ кунем.

Умедаи Сангалӣ  

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE