Мо метавонем! Иштироки маъюбон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Чанде пеш бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»  даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, дар фазои  тантанавӣ ба ғолибони он  мукофотҳои  пуливу молӣ  ва  «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳои мақомоти мазкур тақдим гардиданд. 58 нафар довталабоне, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро  ишғол намуданд,  ба  даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, 12 нафар ҷойи якум, 27 нафар мақоми дуюм  ва 19 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибони ҷойи якум 10,000 сомонӣ, мақоми дуюм 7000 сомонӣ ва  сеюм 5000 сомонӣ аз ҳисоби маблағузории фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе  мукофотпулӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳо  тақдим карда шуданд. Имсол се нафар иштирокчиёни маъюб сазовори ҷойҳои намунави гардиданд.

«Дар даври шаҳрии озмуни мазкур аз  чор ноҳияи пойтахт 174 нафар ғолибони даври дуюми озмун, аз ҷумла  109 нафар тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 44 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 21 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок варзида, дар доираи талаботи муқарраргардидаи озмун вобаста ба аз бар намудани осори назмию насрии адибони классик ва муосири тоҷик, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон, истеъдоди шоирӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба васфи Тоҷикистон, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдат, сулҳу субот маҳоратӣ хуб  нишон доданд». Бояд зикр кард, ки довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯи номинатсияҳои «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик»,  «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» ва номинатсияи «Шоирӣ»  байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд. Азаматбону Шамсиддинова маъюби гурӯҳи якум аз чашм,сокини н.Синои ш.Душанбе дар озмуни мазкур иштирок намуда,дар ноҳия аз руи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик», сазовори ҷойи дуюм,дар даври шаҳри сазовори ҷойи аввал гардида соҳиби 10,000 сомонӣ ва «Диплом»– гардид.

Хотиррасон  мешавем, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст. Вобаста ба ин 5 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расид.

Тибқи Низомномаи соли 2020 ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба он номинатсияи шоирӣ илова гардид. Ҳамчунин имсол дар ҳар номинатсия ба шашнафарӣ аз рӯи ҷойҳои ба даст овардаашон мукофотпулӣ тақдим мегардад.

                                                                      Фирӯз Каримзода

                                                                       «Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE