Сарвазири мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод

10 ноябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Леваканд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Корпоратсияи «Салтанат» ва ҳолати воқеии ҶСК «Азот» шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Корпоратсияи «Салтанат» аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд бунёд карда шуда, дорои чанд хатти истеҳсолӣ, аз ҷумла хатти истеҳсоли обҳои ташнагишикан бо иқтидори 10 ҳазор литр дар як шабонарӯз,  хатти истеҳсоли консерваҳо бо тавонои коркарди 140 тонна меваю сабзавот дар як шабонарӯз, маҷмааи нассоҷӣ ва коргоҳи истеҳсоли хишт иборат мебошад.

Пас аз пурра ба истифода додани коргоҳҳои истеҳсолӣ дар Корпоратсияи «Салтанат» беш аз 150 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

ҶСК «Азот» дар заминаи корхонаи нуриҳои азотии Вахш бунёд карда шудааст. Масоҳати умумӣ 113 гектар буда, масоҳати майдони саноатӣ 54 гектарро ташкил медиҳад.

Корхона аз коргоҳҳои истеҳсолию ёрирасон, аз қабили коргоҳи нақлиётӣ, таъмирию сохтмонӣ, аммиак, карбамид, буғу обтаъминкунӣ, таъмири механикӣ, барқтаъминкунӣ, таъмири таҷҳизоти барқӣ, асбоби назоратию ченкунанда ва автоматика, шуъбаи назорати техникӣ, ташхисгоҳи марказонидашудаи корхона ва ташхисгоҳи санитарӣ иборат мебошад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ бо ҳолати воқеии ҶСК «Азот» масъулонро вазифадор намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарони давлат  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идома додани ҷараёни корҳои сохтмонию барқарорсозӣ  нақшаҳои мушаххас пешниҳод кунанд.

Дар идома Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолияти ҶДММ Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин”, хоҷагии деҳқонии “Пахтакор”, “Абдулхайр”, “Назриён” ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигии сокинони ноҳия шинос шуда, корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва  боғи фарҳангӣ-фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

ҶДММ Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” моҳи ноябри соли 2013 таъсис ёфта, ҳамчун субъекти хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, шолӣ ва гандум фаъолият менамояд.

Ҷамъият дар доираи амалӣ гардонидани “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020” дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон барои барқарорсозии минбаъдаи 11985 гектар замине, ки дар ҳолати партов  қарор дошт, тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монд.

Дар натиҷаи амалӣ гардонидани маҷмӯи корҳои мелиоративӣ ва агротехникӣ масъулон имкон пайдо карданд, ки   5707 гектар  заминро марҳила ба марҳила аз худ намуда, пурра ба гардиши кишоварзӣ дароранд. Ҳамзамон масъулон талош доранд, ки соли 2021  2500 гектар замини иловагиро ба гардиши кишоварзӣ дароранд.

Имрӯзҳо ҳайати кормандони доимии иттиҳодия 780 нафар буда,  ҳамасола зиёда аз 2000 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мешаванд.

Соли 2020  иттиҳодия  дар заминҳои ба гардиши кишоварзӣ даровардашудаи  ноҳияи Ҷайҳун  ба масоҳати 3651 гектар  кишти пахтаро анҷом дод.

То имрӯз хоҷагидорон 7400 тонна  пахта ҷамъоварӣ карда, барои ҷамъоварии ҳосили дар саҳробуда талош доранд.

Инчунин дар масоҳати 1500  гектар кишти тирамоҳии гандум   ба нақша гирифта шудааст, ки  то имрӯз  дар 1200 гектар замин кишт гузаронидаанд.

Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии “Пахтакор” дар тобеияти худ 10 гектар замин, хоҷагии деҳқонии “Абдулхайр” 1,50 гектар ва хоҷагии деҳқонии “Назриён” 2,40 гектар замин доранд. Шумораи умумии саҳмдорони хоҷагиҳои мазкур 31 нафарро ташкил медиҳад.

Аҳли заҳмати хоҷагиҳои мазкур  ба парвариши намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, картошка, гандум, пахта, лимӯ, ҷуворимакка, помидор, бодиринг, карам, боимҷон ва сирпиёз машғуланд.

Масоҳати заминҳои корам  дар ноҳияи Ҷайҳун 15 ҳазору 967 гектарро ташкил намуда,  майдони умумии гармхонаҳои парвариши лимӯ дар ноҳияи Ҷайҳун 130 гектар мебошад.

Соли сипаригашта аҳли заҳмати ноҳияи Ҷайҳун қариб  3 ҳазор тонна лимӯ ба даст оварданд,  дар ин мавсим хоҷагидорон нақша доранд, ки беш аз 4 ҳазор тонна лимӯ ҷамъоварӣ намоянд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамзамон хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун 70 дарсади самараи дастранҷи овардаи худро ба хориҷи мамлакат содирот мекунанд.

Мувофиқи нақша, соли равон бояд аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда мешуд, талошу заҳматҳои шабонарӯзии аҳли заҳмати вилояти Хатлон имкон фароҳам овард, ки то имрӯз 105 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот шавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Назризода бунёд карда шудааст.

Рафти корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида, пас аз ба истифода супоридан 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Ҳамчунин дар корхона ду сардхона бо ғунҷоиши сад тонна маҳсулот бунёд карда шудааст.

Тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, ки дар шаҳраки Дӯстӣ ҷойгир мебошад, моҳи ноябри соли 2018 оғоз гардид.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷайҳун қариб 30 сол инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошт ва умуман ба талабот ҷавобгӯ набуд.  Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби шахси ватандӯст ин иншооти фарҳангии ноҳия пурра навсозӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонида шуд.  Бинову иншооте, ки дар боғ аз ҷониби аксар сокинон худсарона сохта шуда буданд, дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баратараф  ва  дар ҷойи онҳо иншооти ба талаботи замон ҷавобгӯ, аз қабили нуқтаҳои фурӯши обҳои ташнагишикан, хӯрокҳои тезтайёр ва дигар марказҳои хизматрасон сохта шудааст. Масоҳати умумии боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 3,7 гектарро дар бар мегирад. Дар боғи мазкур 11 намуд аттраксиони замонавӣ ва  дастгоҳу таҷҳизоти муосир васлу насб гардида, ин боғи фарҳангӣ  ба макони дилфиреби истироҳати кӯдакону наврасон ва дар маҷмӯъ, сокинону меҳмонони ноҳия табдил дода шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, ки дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ анҷом дода мешавад, шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ сохтмони  347 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 238-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки барои ҳарчи зудтар тақвият бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия аз имконоти фароҳамовардашуда истифода карда, ҷашнҳои миллиро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намоянд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE