Дар Душанбе ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин оғоз ёфт

 Имрӯз, 22 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин оғоз гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Анварӣ хабар дод.

Дар кори ҷаласа намояндагони ваколатдор ва коршиносони ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доранд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил 20-21 октябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид ва раёсат дар соли 2022 ба таври расмӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон вогузор шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE