Суҳбати телефонии Сарвари давлат бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко

Имрӯз  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия муҳтарам Валентина Матвиенко доир гардид.

Роҳбари Палатаи болоии парламенти Россия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва комёбиҳои минбаъда дар маснади олии давлатӣ, Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуданд.

Сарвари давлати мо ба Валентина Матвиенко барои табрикоташон самимона изҳори сипос намуданд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои алоҳидаи пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ,  ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари давлати мо зимни таъйиди авлавияти рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Русия,  изҳори боварӣ карданд, ки робитаҳои байни Тоҷикистону Россия минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE