«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Ин намоишро беш аз 70 ҳазор нафар тамошо намудаанд

Намоиши  «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 64 ҳазор нафар ва шакли сайёри онро дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, КӯлобДанғараПанҷакент ва Хуҷанд 6 ҳазор нафар тамошо намудаанд. Чунин зикр шуд дар ҳамоиши илмӣмаърифатӣ оид ба натиҷагирии намоиши«Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки 13 октябр дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фаридун  Кенҷаев  иттилоъ дод,  дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг, Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» яке аз намоишҳои бузургтарини ёдгориҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, дар самти муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон чун нодиртарин намоиш шинохта шудааст. Саҳми намоиши мазкур дар инъикоси таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим ва назаррас мебошад.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳо  марбут ба таърихи ташкили намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ», теъдоди тамошобинони намоиш ва инъикоси намоиши мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии Осорхонаи миллӣ баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE