Филми «Дов» барои ба даст овардани «Медали Юнеско-Ганди» рақобат мекунад
Филми «Дов» барои ба даст овардани «Медали Юнеско – Ганди» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон бо давлатҳои Бангладеш, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Бразилия ва Канада рақобат мекунад, иттилоъ дод коргардони ин филм Муҳиддини Музаффар.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон аз 20 то 28 ноябр дар Гоа- яке аз 29 иёлати Ҳиндустон баргузор мегардад. Фестивали мазкур яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.
Муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Инчунин қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд…