Ба «Истиқлол» Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло супурда шуд

Футболбозон ва ситоди мураббиёни дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои ғолибият дар чемпионати Тоҷикистон-2022  бо медалҳои тилло сарфароз гардонда шуданд.

Пас аз анҷоми  бозии даври 22-юми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бо “Хуҷанд” (2:0) дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ маросими ботантанаи супурдани медалҳои тилло ва Ҷоми қаҳрамонӣ ба бозигарон, ҳайати мураббиён ва раҳбарияти дастаи “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд.

 Ба бозигарон, мураббиён ва роҳбарияти «Истиқлол» ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, Дилшод Ҷӯразода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шокурбонов медалҳои тиллоро супурданд. Ҷоизаи ғолибият дар чемпионат – Ҷом ба капитани бошгоҳи пойтахт  Манучеҳр Ҷалилов супорида шуд.

Бояд гуфт, ки дар мавсими имсола, ки ҳанӯз ба охир нарасидааст, бошгоҳи шаҳри Душанбе қаҳрамони ёздаҳкаратаи Тоҷикистон шуд. Ҳамчунин «Истиқлол» дар мавсими имсола барои бори ёздаҳум Суперҷоми кишвар ва бори нӯҳум Ҷоми мамлакатро  ба даст овард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE