Дастаи «Бешкент» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола шуд

Бо пирӯзии дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар қисми ниҳоии мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола  оид ба футбол анҷом ёфт.

Мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд. Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқот чордаҳ даста ба ду гурӯҳ- «А» ва «Б» ҷудо шуданд. Тибқи натиҷаи бозиҳои минтақавӣ, аз ҳар гурӯҳ се даста ба қисми ниҳоии мусобиқа баромада, муборизаро барои медалҳо давом доданд.

Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Панҷшер» ва «Зебо» мубориза бурданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ- 0:0 хотима ёфт Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 бахт ба рӯи дастаи «Панҷшер» хандид

«Бешкент» дар вохӯрии ҳалкунандаи чемпионат бар дастаи «Бунҷикат» бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.

Дар маросими ҷамъбасти чемпионат Директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, Директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва муовини Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ширкат доштанд.

Аз рӯи ҷамъбасти чемпионат Марҷона Маматқулова аз тими «Бунҷикат» беҳтарин дарвозабон гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтаринро Улҷамол Элмуродова («Бешкент»), ки ба дарвозаи рақибон 71 гол задааст, аз худ кард. Эркин Нормуродов («Бешкент») беҳтарин мураббии чемпионат ва Маҳлиё Ҷумъақулова («Бунҷикат») беҳтарин бозигар дониста шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE