Намояндагони Тоҷикистон дар Ереван дар ҷаласа оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ иштирок намуданд

 6 декабр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Насимзода, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҳусейн Халилзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз таҳти раёсати муовини аввали Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Александр Горовой баргузор шуд.

Зимни ҷаласа Акбар Насимзода зикр кард, ки «танзими равандҳои муҳоҷират аксаран ҳалли мушкилоти мураккабро тақозо мекунад ва мо бояд ҳамкориро дар бисёр соҳаҳо инкишоф диҳем. Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ, ошкор ва рафъи роҳҳо ва созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳияи равиши ягона барои амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, кор бо гурезаҳо, табодули иттилоот ва иҷрои дархостҳо самтҳои асосии фаъолияти муштарак мебошанд».

Дар ҷараёни ҷаласа вазъи муҳоҷират дар кишварҳои узви СААД, чораҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати кишварҳои узви СААД ва натиҷаҳои чорабинии «Нелегал-2022» баррасӣ гардиданд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE