Дар Душанбе ҷаласаи навбатии ММ ва МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

10  декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷ­лиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 10 декабр,  соати 09:00  доир карда мешавад.

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷ­лиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мутобиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод кардан ва таъйин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE