Афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ ба КОВИД-19 дар ҷаҳон

Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон дар тӯли 24 соат ба бештар аз 604 ҳазор афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки 23 ноябр интишор ёфтааст.

То соати 09:00 (ба вақти Душанбе) -и 23 ноябр, СУТ 57 882183 ҳолати сироятёбӣ ва 1 377 395 ҳолати фавтро ба қайд гирифтааст. Шумораи сироятёфтагон дар як шабонарӯз 604 943 нафар ва фавтидагон  9 237 нафар афзудааст.

Авҷи мубталошавӣ ва сироятёбии шабонарӯзӣ 14 ноябр ва 17 апрел ба қайд гирифта шуда буданд. Дар ин рӯзҳо  мутаносибан 667 118 нафар сироят ёфта, 12 432 тан ҷон бохтаанд.

Зиёда аз 44% ҳолатҳои сироятёбӣ дар як шабонарӯз ба Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ рост меоянд (270,290). Аврупо ҷойи худро ба ин минтақа дод ва ҳоло дар ҷои дуввум (232 897) қарор дорад, дар ҷои сеюм Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (55 697) мебошад.

Аксари ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 11 789 012. Ба ин даҳгона инчунин Ҳиндустон (9 095 806), Бразилия (6 020 164), Франсия (2 089 353), Россия (2 089 329), Испания (1 556 730), Британияи Кабир (1 493 387), Италия (1 380 531), Аргентина (1 359 042), Колумбия (1 233 969), Мексика (1 025 969) ва Перу (946 087) шомил мебошанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE