ДАСТАИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ОМОДАГИҲОРО БА ҚИСМИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 ОҒОЗ КАРД
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббии нав Олег Кубарев омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, оғоз кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҷамъомади тамринии якум, ки то 28 декабр идома мекунад, 31 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват шудаанд.
Нимҳимоятгари тими «Краснодар-2» Алиҷони Айнӣ ба ҷамъомади тамринии дуюм, ки моҳи январи соли оянда дар назар аст, ба тими ҷавонони кишвар даъват мешавад.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» баромад карда, бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад. Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.