Баргузории ҷаласаи маҷозӣ бо сафирони Тоҷикистон

14-15 декабри соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти кории маҷозии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷӯразода Тоҷиддин ва директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.

Зимни он, ҷонибҳо доир ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва авиатсия табодули андеша намуданд.

Дар нишасти мазкур ҳамчунин атрофи имкониятҳои воқеии соҳаи сайёҳии кишвар, роҳҳои вусъат бахшидан ба раванди таблиғу ташвиқи он дар хориҷа ва дарёфти роҳҳал ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта муҳокимаронӣ сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE