Пешвои миллат: Қурби сомонӣ дар соли 2022 муътадил боқӣ монда, сатҳи таваррум 4, 1% ташкил медиҳад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ки қурби сомонӣ дар соли 2022 муътадил боқӣ монда, сатҳи таваррум 4, 1% ташкил додааст, ки нишондиҳандаи хуб аст.
Ҳамчунин ба маълумоти Пешвои миллат, ҳаҷми пасандозҳо дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар 13 млрд расид, ки нисбати 2021 28% зиёд аст.
Инчунин дар соли 2022 ба маблағи 14,1 млрд қарзҳо дода шудааст, ки нисбати соли 2018 85% бештар аст.

Ҳамин лаҳзаҳо дар Кохи Сомон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардида истодааст. Зимни ироаи Паёми навбатӣ самтҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE