Барселона ва Ювентус иштирокчии даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо шуданд

Мухлисони сершумори футбол шоми гузашта бозам шоҳиди дидорҳои ҷолиби марҳилаи гуруҳии Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо гардиданд. Дар даври чоруми мусобиқа дастаҳои Барселонаву Ювентус рақибонашонро ба шикаст ру ба ру карда, иштирокашонро дар даври ҳаштякниҳоӣ таъмин намуданд. Пас аз ин давр ду дастаи Россия Краснадар ва Зенит бошанд тамоми имконияти гузаштан ба даври плей оффро аз даст доданд. Ҳамчунин дастаҳои Челсиву Севиля низ бо пирузӣ дар даври чорум роҳхати даври ҳаштякфиналро ба даст оварданд.

Дидори дастаи “Краснодар”-и Россия бо тими “Севиля”-и Испания дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо аз гурӯҳи “Е” сурат гирифт. Қувваозмоии дастаҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 1:2 бар нафъи шогирдони Хулен Лопетеги анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 4-ум ниммуҳофизатгари дастаи “Севиля” – Иван Ракитич боз намуд. Нимаи аввали майдондорӣ бо натиҷаи 0:1 бо пешсафии меҳмонон ба охир расид. Дар дақиқаи 56-уми бозӣ, ҳамлагари дастаи “Краснодар” – Вандерсон аз партофти ҳамдастааш истифода бурда, голи ҷавобиро ба дарвозаи “Севиля” ворид кард. Голи пирӯзиовари испаниҳоро дар дақиқаи охирини изофа намудаи довар ба вақти асосии бозӣ, Мунир ба ҳадаф расонида, ғалабаи дастаашро таъмин кард. Пас аз ин ғалаба, дастаи “Севиля” соҳиби 10 хол гардид ва ба зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ баромад. Дастаи “Краснодар” бошад пас аз 4 давр ҳамагӣ 1 имтиёз дошта, ҳама гуна имконияти баромадан ба даври ⅛ финалро аз даст дод.  Дар гуруҳи мазкур ҳамчунин дидори дастаҳои «Ренн»-и Фаронсаву «Челси»-и Англия баргузор гардид. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи тими фаронсавӣ доир шуда, бо пирузии дастаи англис ҷамбаст гардид. Аз гурӯҳи “Е” аллакай дастаҳои “Челси” ва “Севиля” роҳхати худро ба даври ⅛ ниҳоӣ таъмин намуданд.

Дар гуруҳи Ф бошад дар доираи даври чоруми марҳилаи гурухии Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо дастаҳои «Латсио»-ву «Зенит» ва «Борусия Дортмунд»-у «Брюге» вориди майдони рақобат шуданд. «Латсио» ин навбати тими «Зенит»-ро ба шикаст ру ба ру карда, тамоми имкониятҳои дастаи русро барои баромадан ба даври ҳаштякниҳоӣ барбод дод. Дидори ин дастаҳо бо натиҷаи 3:1 бар нафъи тими Латсио ҷамбаст гардид. Бо ҷамбасти чор давр тими Зенит дар ҳисоби худ танҳо як имтиёз дошта дар зинаи ниҳоии гуруҳ ҷойгир аст.  БОрусия Дортмунд бошад тими Брюгеро бо ворид кардани се голи беҷавоб пушти сар гузошт. Ҳамакнун Борусия Дортмунд бо ба даст овардани нуҳ имтиёз садрнишини гуруҳи Ф аст. Латсио бо камбуди як имтиёз дар мақоми дуюми гуруҳ қарор дорад.

Дар идомаи рақобатҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо, дар гурӯҳи “G”, дастаи “Динамо Киев” бо тими “Барселона” рақобат намуд. Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи хонагии дастаи “Динамо” доир шуда, бо ҳисоби бузурги 0:4 ба суди каталониҳо хотима ёфт. Ҳарчанд дар қисми аввали бозӣ дастаҳо бозии хуб нишон дода бошанд ҳам, ба ҳеҷ яки онҳо кушодани ҳисоб даст надод. Дар қисми дуюм шогирдони Роналд Куман бозиро ба даст гирифта, бо голҳои задаи Серҷино Дест, Мартин Брейтуэйт ва Антуан Гризман пирӯзӣ ба даст оварданд. Пас аз ин ғалаба, бошгоҳи “Барселона” 12 имтиёз касб карда, мавқеашро дар садри гуруҳи худ мустаҳкам намуд. Ҳамчунин, пас аз ин ғолибият шогирдони Куман роҳи худро ба даври ⅛ ниҳоӣ ҳамвор намуданд. Тими “Динамо” бошад баъди ин шикаст имконияти баромадан ба даврҳои финалии мусобиқаро аз даст дод.

Дар доираи бозиҳои даври 4- уми марҳилаи гурӯҳии лигаи қаҳрамонҳо дастаҳои “Ювентус” ва “Ферентсварош” андари майдони рақобат шуданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Аллианз”- и шаҳри Турин доир гардида, ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Дар дақиқаи 19-уми бозӣ Мурто Узуни меҳмононро ба пеш баровард. Шогирдони Пирло дар дақиқаи 35-уми бозӣ ба туфайли зарбаи дақиқи Криштиану Роналду натиҷаро баробар карданд. Бо ҳамин натиҷа қисми аввали бозӣ ба охир расид. Дар қисми дуюми бозӣ дастаҳои ба назди дарвозаи якдигар ҳуҷумҳои хавфнок мекарданд, лек ҳисоби бозӣ тағир намеёфт. Танҳо дар дақиқаҳои иловагии бозӣ Алваро Мората тавонист бо голи задааш пирузии ҳамдастаҳояшро таъмин намуда, се имтиёзи дигар ба ҳисобашон зам намояд. Ҳамин тариқ “Ювентус” 9- имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи “G” дар мавқеи дуюми ҷадвал ҷой гирифт. Шогирдони Ребров ҳамоно бо як имтиёз дар зинаи чоруми ҷадвал мавқеъ гирифтаанд.Аз ин гуруҳ таври маълум дастаҳои Барслеона ва Ювентус алакай иштирокашонро дар даври плей офф таъмин намуданд.

Дар майдони “Олд Траффорд”-и шаҳри Манчестери Англия бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо байни дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Истамбул Башакшехир” баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта бо натиҷаи бузурги 4 бар 1 ба фоидаи футболбозони англия анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 7-уми майдондорӣ нимҳимоятгари португалии “Манчестер Юнайтед” – Бруну Фернандеш боз намуда, дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 19-ум Фернандеш маротибаи дуюм дарвозаи туркҳоро рахна намуда, дублро ба номаш сабт кард. Сипас то анҷоми нимаи аввали дидор пас аз қоидавайронкунӣ дар ҷаримагоҳи дастаи меҳмон довар ҷониби дарвозаи “Истанбул Башакшехир” пеналтӣ таъйин намуд. Ин имкониятро Маркус Решфорд самаранок истифода бурда, ҳисобро 3:0 кард. Дар дақиқаи 75-уми нерӯсанҷии тимҳо футболбози дастаи меҳмон – Дениз Тюрюч ба як голи англисҳо ҷавоб гардонд. Голи охирини “Манчестер Юнайтед”-ро дар дақиқаи 2-юми изофа намудаи довар, Дэниел Ҷеймс ба ҳадаф расонида, ҳисобро 4:1 намуд. Ҳамакунун пас аз ин пирӯзӣ дастаи “Манчестер Юнайтед” 9 имтиёз ба даст оварда, ба садри ҷадвали гурӯҳи «Н» баромад. Дастаи “Истанбул Башакшехир” бошад, бо доштани 3 имтиёз дар зинаи охири гуруҳаш мавқеъ гирифтааст.

Ҳамчунин аз ин гуруҳ дар даври чоруми марҳилаи гуруҳии мусобиқа “ПСЖ” дар майдони худ бо “Лейптсиг” бозӣ кард. Ин дидор барои парижиҳо хело муҳим буд, зеро онҳо пас аз дар се дидор танҳо се имтиёз дошта, дар мақоми чорум буданд. Неймар ва Мбаппе, ки дар дидори якуми дастаҳо иштирок надоштанд ба ҳайат баргаштанд. “ПСЖ” ҳамчун мизбон бозиро фаъол оғоз карда, дар дақиқаи 11-ум пеналти кор кард ва онро Неймар ба гол табдил дод. Ин аввалин гол барои футболбози бразилӣ дар ин мавсими ЛЧ буд. Дигар кушишҳои футболбозони «Лейптсиг» ва «ПСЖ» бе натиҷа ҷамбаст шуда, дидор бо натиҷаи минималии 1:0 бар нафъи фаронсавиҳо хотима ёфт.  Баъди ин пирӯзӣ “ПСЖ” ба зинаи дуюм баромад ва “Лейптсиг” бошад ба мақоми сеюм рафт.

 

Раҳмонзода Миҷгона

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE