Даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 24 ноябр бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аъзои ҳакамони даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои дар сатҳи баланд доир намудани даври ниҳоии озмун, ки аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад ва муаррифии ҳайати ҳакамон, муайян намудани тартиби баҳогузорӣ ба маҳорат ва истеъдоди довталабон тибқи Низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баррасӣ гардиданд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода, Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода сухан гуфта, ин иқдоми созандаи Сарвари давлатро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.

Мақсад аз ҷаласаи корӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 тасдиқ шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE