Дар Кохи Сафед гуфтанд, ки Байден нақша дорад номзадиашро ба даври дуюми президентӣ пешбарӣ намояд

Президенти ИМА Ҷо Байден аз нақшаи номзадиаш барои даври дуюми президентӣ даст накашидааст, аммо ҳанӯз номзадии худро пешбарӣ накардааст. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба сухангӯи Кохи Сафед Карина Жан-Пер хабар медиҳад.

Рӯзноманигор афзуд, ки маъмурият ҳоло изҳороти расмии шитобкорона пешниҳод намекунад.

Соли гузашта Рон Клейн хабар дода буд, ки Байден дар бораи нақшаи мубориза барои мақоми президенти ИМА дарҳол пас аз ҷашнҳои солинавӣ суҳбат хоҳад кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE