«Роҳҳои оҳани Россия» дар қатораҳо ба Тоҷикистон тахфиф пешниҳод намуд
«Роҳҳои оҳани Россия» (РОР) дар қатораҳо ба самти Тоҷикистон тахфиф эълон намуд, ки он дар соли 2023 амалӣ мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии ҶСК «Роҳҳои оҳани Россия» хабар медиҳад, ин зимистон аз ҷониби РОР якчанд пешниҳодҳои нави муфид ҷорӣ гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки барои сафар ба кишварҳои ҳамсоя тахфиф пешбинӣ гардидааст. Иқдоми «Тоҷикистон. Пешакӣ ба нақша гиред» роҳандозӣ шудааст. Он то 28 декабри соли 2023 амал хоҳад кард.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «РЖД -Partner.ru» хабар дода буд, ҶСК «РОР» тахфифҳои ҷорӣ барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро барои соли 2023, аз ҷумла 50% тахфифи ҳамлу нақли воридотӣ ба меваю сабзавоти Тоҷикистон ва Узбекистонро тамдид намуд.
Ёдовар мешавем, ки нархҳо аз моҳи январи соли 2021 паст карда шуданд. Сиёсати тахфифӣ нисбат ба вагонҳои яхдонӣ аз Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқ мешавад.
Қаблан намояндаи тиҷоратии Россия Евгений Коренков ба хабаргузории “Спутник” гуфта буд, ки истеъмолкунандагони Россия ба маҳсулоти таҳти тамғаи «Made in Tajikistan» талаботи зиёд доранд. Ин маҳсулот зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелос ва малина ва омехтаҳои гуногуни меваҳои хушк мебошанд.