Дар Кӯлоб бинои 13-ошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сотхмони бинои баландошёна оғоз гардид.
Сохтмони бинои 13-ошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкор, роҳбари ҶДММ «Шаҳриёр-44» Шаҳриёр Раҷабзода оғоз гардида, дар 2 ошёнаи он маркази савдо ва хизматрасониҳо ҷой гирифта, мувофиқи нақша 110 хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад. Масъулин тасмим гирифтанд, ки корҳои сохтмониро бо сатҳу сифати баланд ба роҳ монда, то арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ онро ба истифода диҳанд.
Тавре соҳибкор Шаҳриёр Раҷабзода иттилоъ дод, дар сохтмони бино 13 нафар сохтмончӣ ҷалб гардида, 4 адад техникаҳои муосир сафарбар гардидаанд.
Дар шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ ва навсозии иншоот бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром идома доранд. Дар корҳои сохтмонӣ асосан соҳибкорон ҷалб гардида, тасмим гирифтанд дар оянда шаҳрвандонро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин намуда, симои Кӯлобшаҳрро дигаргун созанд.
Дар шаҳри Кӯлоб то инҷониб беш аз 400 иншооти хурду бузург ба истифода дода шуда, нақша доранд то ҷашни дар пешистода шумораи биноҳҳои навсохтро бештар намоянд.