«Ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ» ҳамоиш дар шаҳри Ваҳдат

Дар шаҳри Ваҳдат таҳти унвони « Ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ» конфронси илми—амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар кори он олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи агарии Тоҷикистон, намяондагони Вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда, пиромони мавзуми мавриди навзар табодули андеша намуданд. Ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода мавзӯи мазкурро пайгирӣ намудааст:

Ҳамоиши ҷумҳуриявии илми-амалии  « Ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ» Дар доираи Қарори Ҳукумати ЧТ « Дар бораи Кансепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноати дар ЧТ барои давраи то соли 2040» ва бо ибтикори Иниститути институти иктисодиёт ва таҳкиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии ЧТ баргузор гардида, дар он аслан мавзуоти «Кластеркунонии ҳамчун шакли инноватсионии ташкили меҳнат дар кишоварзӣ», «Ҳодати кунунии базаи модию- техники соҳаи кишварзӣ ва роҳҳои беҳтаргардонии он», « Зотпарвари ҳамчун омили рушди чорводорӣ» ва « Каластеркунонӣ ҳамчун шакли ҳамгироӣ дар комплекси агросаноатӣ» маърузаҳо намуданд. Таъкид рафт, ки дар Чумҳурии Тоҷикистон барои парвариши ҳамагуна зироатҳои кишоварӣ, нигоҳбини чорво ва бунёди боғу токзорҳо тамоми шароити табию иқлимӣ мавҷуд мебошанд.

Дар ҳамоиши илми – амали ки ба каластеркукнони ва ё ноҳиябандкунии соҳаҳои кишоварзи бахшида шуда буд, гуфта шуд, ки дар раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти аграрӣ дар кишвар ва ҷиҳати боз ҳам вусъатбахшидани рушди соҳаи кишоварзӣ дар доираи Стратегияи милли Рушд барои давлаи то соли 2030 бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳон, ташакули кластерҳои аграсаноатӣ дар ЧТ ба мақсад  мувофиқ будаастаст. Ба гуфтаи Неъматулло Файзов-котиби илмии инистути иктисодиёт ва тахкики системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии ЧТ кластеркунони бояд вобаста ба минтақаҳо, ки онҷо соҳаҳои алоҳида рушд кардаанд, ташкил карда шаванд.

Ҳамоиши илми-амалии  « Ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ» аз ҷониби олимони соҳаи  кишоварзи таъкид шуд, ки кластеркунони  ҳар як маҳсулоти кишоварзиро аз парвариш то ба истеҳлот дар корхонаҳои марбут ба ин самт фаъолиятдошта ва дар ниҳоят пешниҳоди бозори истеъмоли   қароргирифтани ин номгуи маҳсулотро фаро хоҳад гирифт. Ҳасан Асоев- коршиноси масоли экологи бар он назар аст, ки дар парвариши дилхоҳ зироат, чорво, богу токпарвари ва ташкили як мачмааи истеҳсоли дар ин соҳаҳо бояд иқлими минтақаҳо ба назар гирифта шаванд.

Расидан ба ҳадафҳои муҳими миллӣ, саноатикунонии бо суръати кишвар, таъмини амнияти оукаворӣ ва дар ин замина аз кишвари агарари саноати ба саноати аграри табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи кишоварзии мамлакат, ки беш аз 70 дарсади сокинони қобили меҳнат  дар деҳот фаъолият мебаранд вобастаги дорад.Дар ҳамоиши илми- амалии « Ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ» гуфта шуд, ки каластеркунони тақозои замон буда, барои рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда чи дар бозори дохили ва чи дар бозори хориҷи мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE