Дар Брюссел маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳои Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳои Тоҷикистон 17 январ дар доираи  барномаи фарҳангие  дар бинои Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ дар Брюссел ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Пайваст аз тариқи Роҳи Абрешим» муаррифӣ гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ Стефано Саннино ва Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакала ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, бобати ҳолат ва дурнамои рушду густариши ҳамкории мутақобилан судманд андешаронӣ карданд.

Дар доираи намоиш барномаи фарҳангӣ бо навору сурудҳои миллӣ, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳо ба маъраз гузошта шуданд.

Инчунин ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Дафтари Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ намоиши мусавввараҳои рассомони минтақа ва аксҳо то 2 феврали 2023 баргузор мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE