Фардо дарсҳои мактабӣ оғоз мешавад

Аз фардо, 20-уми январ машғулиятҳо барои тарбиятгирандагону хонандагон дар тамоми муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кору фаъолият барои омӯзгорон оғоз мегардад.

Дар ин бора Наврӯзи Ҷумъамурод, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ дод.

Машғулиятҳо аз 16 январ бояд оғоз мегардиданд. Вале бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таътили зимистона то 20 январи соли равон тамдид гардида буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE