Маҳмадтоир Зокирзода бо Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафараш ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва иштирок дар кори 17-умин конфронси байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ бо Раиси Маҷлиси Шўрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд.

Тавре дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Алҷазоир ба хабарнигори Радиои Тоҷикистон Нуралӣ Давлат хабар дод, ҷонибҳо дар мулоқот аз робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон ёдовар шуданд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳҳои дӯстии байнипорлумонӣ амал менамояд. Сафари аъзоёни гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ҳарду кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парламентҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳарду ҷониб анҷом гирифтаанд.

 Ҳоло мо бо парлумонҳои зиёди кишварҳои дунё равобити хуби кориро ба роҳ мондаем,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода. . Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем. Парлумонҳо воқеан бозувони пуртавонои миллатҳо ва давлатҳо мебошанд, ки дар густариш ва тавсияи равобити байнидавлатҳо нақши босазое доранд.

Бо қаноатмандй бояд зикр намуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қадами устуворе гузошта шуд. Боздиди мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии кишварҳоямон далели ин гуфтаҳо аст. Имрўз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориоро густариш диҳем. Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунй, омўзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарй, иттилоотонй ҳамкориҳои судманде дошта бошем.

 Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки то имрўз байни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо муносибатҳои ду кишвари дўст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.

Механизми муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳои мо Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад. Маълум аст, ки дар замони муосир ба роҳ мондану пеш бурдани тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни кишварҳо маҳсуб меёбад.

 Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE