Дар хоҷагиҳои ҷангали Рашту Роғун корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд

Дар сардиҳои зимистон  дар парваришгоҳи Камароб ва минтақаи Сиёҳдараи  ноҳияи Рашт  275 кг резаи гандум, 260 кг резаи  ҷав,   290 кг резаи ҷуворимакка,  150 кг  кунҷора,   230 кг намак    ва 250 кг коҳ дар ҷои махсуси хӯрокдиҳии ҳайвонот  ва парандагон гузошта шуд. Дар ҳолати боридани  барфи зиёд Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Раштимконият дорад, ки боз корҳои биотехникӣ гузаронад.

Тавре сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдулазиз Қаландаров хабар дод,  дар парваришгоҳи Камаробу минтақаи Сиёҳдараи ноҳияи Рашту  минтақаҳои хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун  бо мақсади эмин мондану  беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз давраи зимистон   корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.

«Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз сардиҳои фасли зимистон дар анбори муассиса 2764 килограмм  маводи биотехникӣ захира намудем»,-илова кард Абдулазиз Қаландаров.

Дар мавзеъҳои ҷангалзори парваришгоҳи Камароб  намудҳои гуногуни ҳайвоноти ёбоӣ, ба монанди бузи кӯҳӣ, хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра, шағол, суғур, далла ва қашқалдок, аз парандагон —  кабки даштӣ, ҳилол, зоғҳо ва 17 намуди дигар парандаҳои нодир  сукунат доранд.

Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун иттилоъ доданд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон бо мақсади пешгирии талафоти олами ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои  муайянгардидаи хоҷагии ҷангали шаҳр чорабиниҳои биотехникӣ доир карда шуда, 250 кг резаи гандум, 450 кг хошок, 100 кг дӯлона ва 110 кг себи хушк пошида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE