Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд
Имрӯз, 2 феврал Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» (кӯчаи Шоҳтемур, 54) доир карда мешавад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 нишасти матбуотиро дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (кӯчаи Бохтар, 10) баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар ин марказ доир карда мешавад.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар ин Кумита (кӯчаи Теҳрон, 21) доир менамояд.